Зубайд ба ман гепатити С “туҳфа” кард

Номаҳо, ХАБАРИ ТОЗА

Салом хонандаи азиз. Ду сол боз ба дарди бедавое гирифтор ҳастам ва мехоҳам ғами ҷонсӯзи худро ба шумо қисса карда, каме ҳам бошад, диламро холӣ намоям.

Ба доми ишқи Зубайд ном ҷавони истаравшанӣ афтида, бо дасти худам ҳаётамро сӯхтам. Ҷавон бемории гепатити С доштааст, вале инро аз ман пинҳон медошт. Мани содда ба фиребу найранги ӯ дода шуда, шаберо дар оғӯшаш саҳар кардам. Зубайд ваъда дод, ки ҳатман ба хонаамон хостгор фиристода, маро ба занӣ мегирад, вале вақте ки хараш аз об гузашт, дигар ёди ман накард.

Хулласи калом баъди чанд вақт худро бад ҳис кардам. Дар дилам алов афтид, ки ҳомиладор шудаам. Аз падару модарам пинҳонӣ тарсидаю ларзида ба духтур рафтам. Ташхис нишон дод, ки ҳомила не, гепатити С шудаам. Табибон ба ман фаҳмонданд, ки ин беморӣ бо воситаи алоқаи ҷинсӣ аз бемор ба одами солим мегузарад. Гириста-гириста ба назди Зубайд рафтам, аммо дарро ба рӯям як ҷавони дигар кушода гуфт, ки Зубайд барои табобат ба Русия рафтааст. Худамро ба нодонӣ зада пурсидам, ки вай чӣ касал аст. Ҷӯрааш сар ҷунбонда гуфт, ки Зубайд гепатити С дорад. Ин касалӣ аз духтари дӯстдоштааш Мадина ба ӯ гузашта будааст ва Зубайд қасди арӯсашро аз дигарон гирифта, духтарҳои бегуноҳро бо макру ҳила ба домаш меафтонидааст, то ки онҳо ҳам ба ин беморӣ  гирифтор шаванд.

Бо шунидани ин хабари шум гӯё осмон басарам чапа шуд, вале кор аз кор гузашта, дигар аз фиғону нола ҳеҷ суде набуд.

Ҳама кору борамро партофта, ду сол боз танҳо аз паси табобат ҳастам, аммо ягон натиҷа надода истодааст. Имрӯз бо ранги зарду ҳоли зор рӯйи бистари беморӣ хобида, ҳар лаҳза ба худ лаънат мехонам, ки чаро ба макру ҳилаи Зубайди гӯрсӯхта, бовар карда, худро ба ин бало гирифтор намудам. Мақсад аз нақл кардани сарнавишти талхам он аст, ки дигар духтарҳо панд гирифта, хатои маро ҳаргиз такрор накунанд. Зино накунед дугонаҳои азиз, зеро Худованд зинокорро чунон ҷазои сангине медиҳад, ки дӯзахро дар ҳамин дунё бо ду чашмат мебинӣ!

Райҳона, ш. Хуҷанд 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply