Акнун ба ШОС қирғизҳо роҳбарӣ мекунанд

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Қирғизистон раёсати давраи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай(ШОС)-ро дар тӯли солҳои 2018-2019 бар уҳда гирифт.

Ин тасмим рӯзи 10-уми июн дар нишасти сарони кишварҳои узви созмон дар минтақаи Тсиндои Чин эълон шуд.Дар ин нишаст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт, дар маҷмуъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид.Дар нишасти Тсиндао бори аввал Ҳинду Покистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ШОС иштирок карданд.Сӣ Ҷинпин, роҳбари  Чин, рӯзи даҳуми июн дар маросими ифтитоҳи нишаст ҳузури президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ва сарвазири Ҳинд Нарендра Модиро “дорои аҳамияти бузурги таърихӣ” номид. “Шумораи ҳарчи бештари кишварҳои узв баёнгари нирӯи бузурги созмон аст”, — гуфт Ҷинпин.Ҳинду Покистон соли гузашта ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пазируфта шуда, сафи аъзои онро ба ҳашт расонданд. Дар баробари Чину Русия, Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон шомили созмонанд.Дар ҳоли ҳозир Эрону Афғонистон, Беларус ва Муғулистон кишварҳои нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply