• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 07.03.2019
  • 0

Алҷазоир дигар Бутефликаро намехоҳад

Собиқадорони ҷанг барои истиқлолияти Алҷазоир аз президент Абдулазиз Бутефлика талаб карданд, номзадиашро аз интихоботи зудрас, ки панҷумин даври раёсаташ хоҳад буд, бозпас бигирад. Дар ин бора Reuters рӯзи 6 март бо такя ба Созмони миллии муҷоҳиддин хабар дод.Созмон дар изҳороташ аз тамоми қишрҳои ҷомеаи Алҷазоир даъват кард, ки бо талаби лағви номзадии президент дар интихоботи моҳи апрел ба майдон бароянд. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, мавқеи собиқадорон аз шикофи ҷиддӣ дар элитаи ҳукмрони Алҷазоир гувоҳӣ медиҳад.Рӯзи гузашта донишҷӯён дар шаҳрҳои дигари Алҷазоир — Константина, Анаба ва Блида — даст ба тазоҳурот заданд. Мавҷи эътирозҳои оммавӣ дар заминаи норозигии мардум дар Алҷазоир рӯзи 22 феврал сар зад. Даҳҳо ҳазор нафар дар он иштирок карданд. Чунин таҷаммӯъ аз замони ба истилоҳ «Баҳори араб» мушоҳида нашуда буд.Авҷи эътирозҳо ба замоне мувофиқ омад, ки президент Бутефлика номзадиашро барои даври панҷуми президентӣ пешниҳод кард.Феълан президент дар Шветсария қарор дорад ва ба гуфтаи намояндагонаш аз «ташхиси маъмулӣ» мегузарад. Ҳизбҳои мухолифин рӯзи душанбе ба истифодаи банди Қонуни асосӣ талаб карданд, ки дар ҳоли иҷро нашудани вазифаҳои хидматии президент, бино бар вазъи сиҳатияш, мақоми ӯ холӣ ҳисоб мешавад. Мухолифин ба таъхир дар баргузории интихобот, таъсиси ҳукумати нав ва эълони интихобот баъди ним сол даъват карданд, то дар ин муддат тавонанд тарҳи нави Қонуни асосиро таҳия кунанд.Бутефлика аз соли 1999 президенти Алҷазоир аст. То расидан ба мақоми президентӣ ӯ дар мансабҳои баланд, аз ҷумла аз соли 1963 то 1979 дар мақоми вазири умури хориҷии Алҷазоир фаъолият кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.