• Administrator
  • 11.02.2019
  • 0

Амрикоиҳо наметавонанд аз ҳавопаймоҳои Туркманистон истифода кунанд

Сафорати Амрико дар Туркманистон аз кормандонаш хост, ки аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ истифода накунанд.

Ин тасмими сафорат 7 феврал пас аз он гирифта шуд, ки парвози ҳавопаймоҳои «Туркменҳовайолларӣ»-ро дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо манъ карданд.

Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) парвози ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистонро то замони тасдиқи посухгӯ буданаш ба талаботи ҷаҳонии амнияти ҳавонавардӣ боз дошт. «Дар робита ба ин, кормандони сафорати Амрико наметавонанд бо ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистон сафар кунанд», – омадааст дар баёнияи сафорат.

Ба огаҳии сафорат, ин тасмим ба парвозҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дахл дорад. Сафари дипломатҳои амрикоӣ бо ҳавопаймоҳои Туркманистон танҳо баъди бекор шудани маҳдудияти Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо мумкин хоҳад шуд.

Рӯзи 4-уми феврали имсол дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Бритониё хабар нашр шуд, ки Оҷонсии амнияти ҳавонавардии Аврупо ширкати «Туркменҳовайолларӣ»-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. То ба ҳол маълум нест, ширкат чӣ меъёрро вайрон кардааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner