Белоруссия бо кӣ ҷанг кардан мехоҳад?

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Президенти Беларусия Александр Лукашенк гуфтааст, ки дар сурати оғози ягон ҷанг, ба ҳар як шаҳрванд силоҳ хоҳад дод. Лукашенко ин изҳоротро охири ҳафтаи гузашта ҳангоми боздид аз пойгоҳи низомии воқеъ дар Брест баён кард.

Лукашенко ҳангоми ошноӣ бо саноати низомӣ гуфт, ки ҳар як шаҳрванди болиғ бояд аз силоҳ истифода карда тавонад.

«Автоматҳо, пистолетҳо, пулеметҳо, тир барои онҳо — агар мабодо ҷанг шавад, мо ба ҳамаи оилаҳо силоҳ медиҳем ва мо қаламрави худро дастаҷамъона ҳимоя мекунем»,- гуфт Лукашенко. Беларусия дар робита ба нигаҳдории силоҳ дар байни аҳолии мулкӣ бисёр қонунҳои шадид дорад. Биноба таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи равобити байналмилалии Женева, Беларусия аз ҷиҳати адади силоҳ бар сари аҳолии мулкӣ дар ҷойи 91 қарор дорад ва ба 100 нафар 6,1 силоҳ рост меояд. Ин ду баробар камтар аз Русия (12,3), се баробар камтар аз Олмон (19,6) ва 20 баробар камтар аз Амрико (120,5) аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply