Дар Ӯзбекистон табаддулот карданӣ буданд?

Сиёсат, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

 

«Газета.Уз”бо такя ба манбаъҳояш дар ҳукумати Ӯзбекистон хабар дод, ки Ихтиёр Абдуллоев ба далели вазъи саломатиаш аз мақоми раиси Хадамоти амнияти давлатӣ (собиқ СНБ) барканор карда шудааст. Ин манобеъ дар бораи вазъи саломатии Абдуллоев тафсилот надодаанд, вале гуфтаанд ки ба ҷои вай президент Шавкат Мирзиёев генерал-лейтенант Абдусалом Азимовро, ки то ҳол вазири дифои Ӯзбекистон буд, таъйин кардааст.

Ихтиёр Абдуллоев, соли таваллудаш 1966 аз 31 январи соли 2018 роҳбарии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистонро ба ӯҳда дошт. Ӯ дар ин мақом як сол пеш генерал Рустам Иноятов, яке аз шахсиятҳои дар гузашта пурнуфуз дар арши сиёсии Ӯзбекистонро иваз карда буд.

Ихтиёр Абдуллоев қаблан аз соли 2009 то 2015 мушовири давлатии президент ва аз соли 2015 додситони кулли Ӯзбекистон буд.

Генерал-лейтенант Абдусалом Абдумавлонович Азимов, ки Ихтиёр Абдуллоевро дар мақоми роҳбари Хадамоти амнияти давлатӣ иваз кард, 59 сол дошта, то имрӯз вазири дифои Ӯзбекистон буд. Ӯ ба мақоми роҳбари нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар моҳи сентябри соли 2017 таъйин шуда буд.

Ба ҷои Абдусалом Азимов генерал-майор Баҳодир Қурбонов вазири дифои Ӯзбекистон таъйин шудааст. Генерал Қурбонов аз соли 2015 сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд буд ва моҳи феврали соли 2018 муовини вазири дифоъ ва ҳамзамон фармондеҳи ҳавзаи низомии Тошканд, ки шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Тошканду Сирдарёро фаро мегирад, таъйин шуд.

Барканории роҳбари Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бино ба хабарҳои ҳанӯз расман тасдиқношуда, дар ин авохир даҳҳо афсари Хадамоти амният бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply