Додситон талаби ҳабси якумраи Януковичро кард

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Додситонии кулли Украина Юрий Лутсенко аз баргардонии 5 миллиард гривени дигар ба буҷа хабар дод. Ин пулҳо аз ҳисоби дороиҳои президенти пешини Украина Виктор Янукович ва наздиконаш рӯёнида шудааст.

«Мо тасмим дорем, 5 миллиард гривени дигарро мусодира кунем. Аз ин рӯ ибтидои соли оянда мо мусодираро анҷом медиҳем ва умедворам, ки ин бор ҳукумат бо интизомтар хоҳад буд ва мо кумак мекунем, ки нисбати онҳое, ки дороиҳоро гирифта, вале ба мардум нарасониданд, парвандаи ҷиноӣ кушода шавад», — гуфт Лутсенко.

Додситони кулл ёдрас кард, ки аз наздикони Янукович то кунун 22 миллиард гривен мусодира, вале танҳо 5 миллиардаш аз худ карда шудааст. «Ин бо забони ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки мансабдорон хунукназарӣ кардаанд», — афзуд Лутсенко.

Дар буҷаи давлатии Украина барои соли 2018 воридоти 4,7 миллиард гривен аз ҳисоби мусодираҳо нишон дода шудааст.

Вакили дифои Янукович Виталий Сердюк гуфт, ҷониби ҳимояи президенти пешин омодааст, зидди додситони кулл ба додгоҳ шикоят барад. Вакили дифоъ додситонро дар «нашри иттилои бардурӯғ» дар бораи дороиҳои президенти пешин ва наздиконаш айбдор мекунад.

Сар аз моҳи июни соли ҷорӣ дар Украина додгоҳи ғоибонаи Янукович бо айби хиёнат ба давлат шуруъ шуд. Додситонӣ тасмим дорад, барои Янукович ҳабси абад талаб кунад. Янукович айбҳои эълоншударо рад мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply