Домоди президент истеъфо дод

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Федератсияи футболи Қирғизистон хабари истеъфои Семетей Султонов, домоди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро нашр кард.

«Имрӯз, дар марҳилае, ки тими мунтахаби мо барои дарёфти Ҷоми Осиё талош мекунад, ман тасмим гирифтам. Тасмим хеле муҳим ва масъулиятнок аст дар навбати аввал барои худи ман — ман тасмим гирифтам, ки пеш аз муҳлат курсии президентии Федератсияи футболи Қирғизистонро тарк кунам. Ин тасмим аз қабл омода шуд, ман бо омодагӣ ба ин тасмим расидам, касе маро водор ё фишор наовардааст, ки чунин тасмим гирам», — гуфтааст Султонов.

 Семетей Султонов ба роҳбарии Федератсияи футболи Қирғизистон соли 2012 интихоб шуд. Дар соли 2016 вай дубора ба ин мақом интихоб гардид ва мебоист, то соли 2020 федератсияро роҳбарӣ кунад. Дар давраи роҳбарии вай мунтахаби миллии Қирғизистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеашро беҳтар кард. Ба ҷуз ин, мунтахаби Қирғизистон бори аввал ба Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфт.

Семетей Султонов шавҳари яке аз духтарони Алмосбек Отамбоев аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply