Доналд Трампро Ким Чен Ин ба Пхенян даъват кард

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ба президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод кард, ки даври дувуми гуфтугӯҳо моҳи июл дар Пхенян баргузор шаванд.

Ба иттилои расонаҳо, Ким Чен Ин дар як нома, ки 1 июн ба Трамп ирсол карда буд, аз ҳамтои амрикоияш даъват кардааст, ки даври дувуми гуфтугӯҳо дар Пхенян баргузор шаванд.

Доналд Трамп ва Ким Чен ахиран барои дидор бо ҳамдигар вориди Сингапур шуданд. Президенти Амрикоро дар ин сафар котиби давлатӣ Майк Помпео ва мушовири амниятӣ Ҷон Болтон ҳамроҳӣ мекунанд.

 «Аз Сингапур хушам омад. Дар фазо шӯру шавқ эҳсос мешавад!» — навишт Трамп дар Твиттер.

Мулоқоти роҳбарони ду кишварро таърихӣ унвон мекунанд. Дар гузашта мулоқоти роҳбарони ин ду кишвар баргузор нашуда, роҳбарони ИМА ва Куриёи Шимолӣ ҳатто бо ҳамдигар тариқи телефон суҳбат накарда буданд. Мавзуи асосии гуфтугӯ дар ин мулоқот барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ аст.

Трамп пештар навишт, ки умедвори ҳамворшавии муносибатҳо ба Куриёи Шимолӣ аст ва имкони бастани созишномаи сулҳ бо Пхенян низ вуҷуд дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply