• Mardon
  • 13.04.2019
  • 0

Духтари Мирзиёев мансаб гирифт

Духтари калонии Шавкат Мирзиёев,раиси ҷумҳури Ӯзбекистон муовини раиси Агентии иттилоот ва равобити оммавӣ таъйин шуд.

Дар ин бора Зайналобиддин Низомиддинов, раҳбари Дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон хабар додааст.

Саида курсии Наргиза Раҳимова, ки як моҳе қабл ба ин вазифа таъйин шуда буд,нишастааст.

Наргиза Раҳимова пас аз шарҳаш дар мавриди дузанагӣ дар шабакаи Фейсбук аз сӯи корбарони шабака мавриди интиқоди шаддид қарор гирифта буд.

Агентии иттилоот ва равобити оммавӣ рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ бо фармони президент ташкил шуда ва ҳадафаш таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ дар бахши иттилоот, матбуот ва нашрияҳо ҳисоб меёбад.

Духтари дуюми Шавкат Мирзиёев-Шаҳноза раҳбари идораи таҳсилоти томактабии Вазорати маорифи Ӯзбекистон аст. Ҳамчунин, Мирзиёев як писар ва 5 набера дорад.

Фарзандони раҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ дар мақомҳои калидии давлатӣ фаъолият мекунанд. Дариға Назарбоева  раиси палатаи болоии парлумони Қазоқистон аст.

Озода, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мақоми раҳбари Дастгоҳи президентро ба ӯҳда дошта, Рустам, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner