Элвира Касенова — рақиби Ксения Собчак

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Бинобар иттилои Zakon.kz. дар маъракаи интихоботи президенти Русия зодаи Қазоқистон Элвира Касенова ширкат меварзад.

Элвира Касенова дар шаҳри Тарази Қазоқистон тавлид шуда, маълумоти олии ҳуқуқшиносро дар шаҳри Москва гирифтааст.
Элвира Касенова (Агурбаш) аз чунин иқдоми ҷиддиаш 6 сентябри соли равон изҳор намуда буд, ки омодааст номзадиашро ба мақоми президентии Россия пешниҳод кунад.
Вай ба соҳибкорӣ машғул буда, мақсад бар зидди тахрибкорони бизнеси хурду миёна ҷанг эълон намояд.
Касенова пас аз хатми мактаби олӣ дар донишкадаи илмӣ-тадқиқотии «Атоминформ» ходими хурди илмӣ шуда ба кор шурӯъ намудааст.

Ӯ модари чор фарзанд буда, дар ширкати бузурги  «Mercury» ифтитоҳи дӯконҳо (бутикҳо)-ро назорат мекард. Сипас дар заводи коркарди гӯшт вазифаи директори тиҷоратиро бар зимма доштааст. Аз соли 2013 топ-менеҷери маҷмааи агросаноатии»Мортадель» кор карда, то ба вазифаи ноиби президенти ин ширкат сабзидааст..

Элвира Калметовна ҳангоми муҳокимаи таҳияи нави қонун дар бораи савдо ва муноқиша бо ретейлери хӯрокворӣ» Дикси» шадидан иштирок намуда, машҳур гашт.

Маълум шуд, ки дар маракаи президентии Россия ба ғайр аз Ксения Собчак боз чандин бонувони кишвар иштирок карда метавонанд.
Аз ҷумла, шоира ва ҳуқуқшинос Алина Витухновская ҳанӯз 28 август хоҳиши пешниҳоди номзадиашро ба президентӣ эълон карда буд.
То имрӯз дар Россия занҳо чандин бор номзадиашонро ба президентии кишварашон пешниҳод карда иштирок намуданд. Соли 2000 раиси ҳозираи Сентризбирком Элла Памфилова («Гражданское достоинство») 1,01% ва соли 2004  Ирина Хакамада (Союз правых сил) — 3,84% овоз гирифта буданд.
Дар акс: Элвира Касенова бо шавҳараш


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply