• Mardon
  • 01.05.2019
  • 0

Императори Япония аз тахт даст кашид

Акиҳито, Императори Япония расман аз мақоми худ рафта ва ба ҷояш писараш-Наруҳиторо ба тахт шинонд.

Дар тӯли 200 соли ахир нахустин бор императори зинда аз тахту тоҷ даст мекашад.

Акиҳитои 86-сола солхӯрда  ва бемор буда, ду маротиба ҷарроҳӣ шудааст.

Дар маросими тантанавӣ ба Императори нав-Наруҳитои 59-сола оина, шамшер ва яшм (санги гаронбаҳо), рамзҳои қудрати императорӣ тақдим гардид.

Бар асоси ривоятҳо салтанати императорӣ дар Япония таърихи 3 ҳазорсола дошта, то соли 1945, замони шикасти Япония дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм император худо ё олиҳа хонда мешуд.

Ҳарчанд мақоми императорӣ дар Япония ташрифотӣ ҳисоб ёфта ва ӯ дар сардори давлат маҳсуб намешавад, вале миёни сокинони кишвар аз маҳбубияти беканор бархурдор аст.

Наруҳито, 126-ум Императори Япония ҳисоб ёфта, хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорди Британия аст.

Наруҳито дар соли 1993 ба Масако Овада хонадор шудааст. Дар соли 2001 духтараш Айко ба дунё омадааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner