Ҳизби нави сиёсӣ ташкил шуд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Дар Ӯзбекистон як ҳизби сиёсии нав — Ҳизби экологии Ӯзбекистон ташкил шуд.

Дар шаҳри Тошканд рӯзи 8 январ анҷумани навбатии Ҳаракати экологии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин анҷуман 250 намояндаи вилоятҳо ва ҷумҳурии Қарақалпоқистон ширкат карданд.

Дар анҷуман вакилон тасмим гирифтанд, ки Ҳизби экологии Ӯзбекистонро таъсис диҳанд. Ҳамчунин дар ҳамин анҷуман аъзои Дастгоҳи марказӣ ва комисияи тафтишотиву назоратӣ муайян шуданд. Ҳамзамон Оиннома ва барномаи Ҳизби экологии Ӯзбекистон тасдиқ шуд.

То кунун дар Ӯзбекистон чаҳор ҳизби сиёсӣ — Халқӣ-демократӣ, Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», Ҳизби демократии «Наҳзати миллӣ» ва Ҳизби либерал-демократӣ («Ҳаракати соҳибкорону тоҷирон») амал мекард.

Ҳаракати экологии Ӯзбекистон 2 августи соли 2008 таъсис шудааст. Баъдтар ин ҳаракат ба як ҷамъияти фаъол мубаддал шуд.

Барои ҳаракати мазкур дар порлумони Ӯзбекистон 15 курсии вакилӣ ҷудо шуда буд. Ин ҳаракатро Борий Алиханов роҳбарӣ мекард. Алиханов ҳамзамон муовини раиси порлумони Ӯзбекистон таъйин шуда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply