• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 13.03.2019
  • 0

Муҳофизи президент дар маҳбас мурдааст

Ҷасади Аюб Тунтуев, муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров, президенти  нахустини Чеченистонро дар маҳбаси рақами 6-и минтақаи Владимиров пайдо карданд. Ӯ бо ҷурми терроризм ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.Дар ин бора нашрияи «Медиазона» рӯзи 12-уми март бо такя ба қавли вакили мудофеи ӯ – Тагир Шамсуддинов – хабар дод. Ба гуфти ҳуқуқшинос, бо ӯ аз маҳбас дар тамос шуда ва хабар додаанд, ки Тунтуев худкушӣ кардааст.Тагир Шамсуддинов гуфт, бори охир нафари таҳти ҳимояташро ду моҳ пеш дида буд ва гӯиё Аюб Тунтуев борҳо шикоят кардааст, ки роҳбарони муассиса ба ҷонаш таҳдид мекунанд.Аюб Тунтуев, муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров, падари Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон, соли 2015 ба зиндони Владимиров интиқол ёфт ва қаблан борҳо шикоят карда буд, ки кормандони зиндон шиканҷааш мекунанд.Ба иддаои Тунтуев, аз ӯ мехостаанд масъулияти ҳамла ба гурӯҳи десантии Псковро, ки соли 2000-ум дар Чеченистон рух дода буд, ба дӯш бигирад. Ба қавли Тунтуев, афроди ношинос ба ӯ таҳдид кардаанд, ки агар ба санадҳои зарурӣ имзо намонад, заҳролуд хоҳад шуд.Соли 2008 Аюб Тунтуев бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар деҳаи Знаменское ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.Ду сол пеш дар заминаи ҳамлаи соли 2000-ум ба воҳиди десантӣ, ба ҳукми зиндони ӯ 11 моҳи дигар илова шуд. Тунтуев гуноҳро эътироф накард.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.