Тимур Зулфиқоров

Мусоҳибаи Зулфиқоров бо Хоҷа Насриддин дар бораи мулоқоти Путину Трамп

Сиёсат, Слайдер, ҶАҲОН

Бахшида ба муносибати  мулоқоти “гарму самимии” Путин ва Трамп ман ба ҳакими тавоною машҳурамон Хоҷа Насриддин муроҷиат кардаму ҳамроҳаш суҳбат оростам. Ин ҳакими бузург бо шоҳ Салмон оиди ҳикмати зиндагӣ, бо Конфутсий дар хусуси давлатдорӣ, бо Чингизхон дар бораи лашкаркашӣ ва бо Сталин мавриди императорӣ  суҳбат ороста буд. Мо низ хостем аз ҳикматҳои ӯ баҳравар гардем…

Ҳаким ба ман як латифа (дар жанри ҳазли сиёҳ) нақл кард

… Хати алоқаи Вашингтон-Москав

  Билл  Клинтон ба  Борис Елсин занг мезанад:

— Хэлло!.. Бародар  Борис!..

Ман ба ту, ба Кремл туҳфа фиристодам!… «Энолу Гей!..» О, кей!..

Елсин истоконро мебардораду…

-Саломат бошӣ, бародар  Билл!.. Бесаброна интизорам!.

Ту медони ки ман чи қадар, озодию… демократияи… амрикоии… шуморо.. дӯст медорам.

Меф-аҳ-мии…

… Доналд Трамп ба  Владимир Путин занг мезанад:

— Хэлло!.. Ҷаноби  Путин!..

Ман ба назди Шумо, ба Кремл «Энолу Гей!..»-ро фиристодам… О, кей!..

Путин, оҳи вазнин мекашаду Сандуқчаи орзуии худро ки дар дохилаш тугмачаи Ҷанги Сеюми ҷаҳон ҷойгир шудааст ба даст мегирад ва тугмачаро зер мекунад…

— Беҳтарин, ҷаноб!..О, кей…

Шояд … мо акнун… билохира… ҳаминхел… бе расмият… бе галстук вомехурем…

Дар шакли  1 + 1… менишинем… суҳбат мекунем… ҳал мекунем …

Мо ку ҳамкор… е..е..м

Ҳаким нафаси чуқур кашиду гуфт: “Э, бародари ман, ҳеҷ вақт ба нафаре, ки ба ту аспи Трояни ва ё  «Энолу Гей»-ро мефиристад бовар накун…»

Р. S. «Энола Гей » — номи модари сарнишини тайёрае, ки бо он бомбаи атомиро бар сари  Хиросима партофта буданд…


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply