Трамп хурсанд аст…

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Майк Помпео, вазири корҳои  хориҷии Амрико гуфт, ҳадафи таҳримҳои, ба қавли ӯ, сахте, ки рӯзи 5-уми ноябр алайҳи режими ҳоким дар Эрон ҷорӣ хоҳад шуд, мардуми он кишвар нестанд.

Ӯ рӯзи 4-уми ноябр дар Твиттер навишт, “ҳадафи мо маҷбур кардани Эрон ба тарки фаъолиятҳои вайронкоронааш аст. Ин таҳримҳо режимро ҳадаф қарор медиҳанд, на мардум, ки бераҳмии давлатро таҳаммул мекунанд.”

Интизор меравад, таҳримҳои Амрико ба бахши молӣ, нафт, саноати киштисозӣ ва киштиронии Эрон рӯзи 5-уми ноябр аз сар гирифта шавад. Ин таҳримҳо қаблан тибқи созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 миёни Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуд, лағв гардиданд. Дар ивази ин созишнома Эрон фаъолияти ҳастаии худро боздошт.Аммо президент Доналд Трамп дар моҳи майи имсол Амрикоро аз ин мувофиқатнома берун кард ва гуфт, ин созиш наметавонад Теҳронро аз сохтани аслиҳаи атомӣ боздорад.Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба хотири дубора баргардондани таҳримҳо алайҳи Эрон ситоиш кард ва онро “як иқдоми таърихӣ” хонд. Нетаняҳу дар як баёния гуфт, “президент Трамп, ба хотири ин иқдоми таърихӣ аз Шумо ташаккур. Воқеан, таҳримҳо дар роҳанд”.Аммо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, гуфтааст, ки тасмими Амрико дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримҳои нави иқтисодӣ бар Теҳрон як талоши нокоми дигар хоҳад буд. Хоманаӣ рӯзи шанбе дар Теҳрон гуфтааст, “Амрикои имрӯз аз Амрикои чиҳил сол пеш, ки инқилоб пирӯз шуд, ба маротиб заифтар аст. Қудрати Амрико рӯ ба поён аст. Нуктаи муҳим ин аст”.

Коршиносон мегӯянд, бозгашти дубораи таҳримҳо бар Эрон иқтисоди ин кишварро ба мушкил мувоҷеҳ карда ва ба зиндагии мардум таъсири бад хоҳад гузошт.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply