Нигаронии вакили парлумон аз шаҳрвандони хориҷӣ

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Вакили порлумони Қирғизистон Тазабек Икромов дар ҷаласаи порлумон гуфт, шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ба амнияти миллӣ хатар доранд.

«Онҳо бо бонувони қирғиз издивоҷ карда, шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт мекунанд. Ин як мушкили бузург аст. Агар мо ба ин масъала ҳоло таваҷҷуҳ накунем, пас аз 20 сол барои амнияти миллии кишвар мушкили бузурге хоҳад шуд. Дар бозори Қорасӯйи вилояти Ӯш, бозорҳои «Дордой» ва «Мадина»-и шаҳри Бишкек шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд, ки бо ҳамватанони мо рақобат карда, онҳоро аз тиҷорат берун мекунанд. Дороиҳое, ки дар дасти мардум аст, ба хориҷ мебаранд. Қирғизистон дар оянда эҳтимол аст, як вилояти кишвари хориҷӣ шавад», — изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли ин мушкил бояд ҳар шаҳрванди хориҷиеро, ки мехоҳад, дар Қирғизистон кор кунад, вазифадор кард, то дар бонкҳои давлатӣ 50-70 ҳазор доллар амонат гузорад ва маблағи мазкур пас аз қатъи фаъолияташ бозпас гардонида шавад.

Икромов ҳамчунин аз вазоратҳои умури дохиливу хориҷӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон талаб кард, ки тайи 45 рӯз шумори шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар муайян кунанд.

Қирғизистон ҳамасола барои шаҳрвандони хориҷӣ 16-17 ҳазор бурсияи кор расман ҷудо мекунад. Ҳудуди 70%- онҳоро чиниҳо соҳиб мешаванд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply