Песков ба сенатори Амрико посух гуфт

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

      Кремл ба суханони сенатори ИМА Ҷон Кеннеди, ки сарукор гирифтан бо мақомоти Русияро ба сарукор бо мафия нисбат додааст, посух дод. Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия изҳороти сенаторро «клище» ва «русофобия» номид. «Мо дар чашм айнаки гулобӣ надорем ва медонем, ки истеблишменти сиёсии Амрико то кадом андоза таҳти фишори «русбадбинӣ» қарор дорад”. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки ба ин суханон сарфаҳм намеравад, зеро намедонад, ки онҳо дар кадом замина баён шудаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply