• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 12.03.2019
  • 0

Президент сарвазирро ба истеъфо равон карду худаш ҳам меравад

11 март сарвазири Алҷазоир Аҳмад Яҳё низ истеъфо дод. Ба ҷои ӯ Бутафлиқа нуриддин Бедуӣ, вазири корҳои дохилӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва рушди минтақаҳоро таъйин кард.Баъд аз ин худи Бутифлақа низ изҳорот дод,ки номзадии худро бори панҷум ба президентии ин кишвар намегузорад.

Нозирон мегӯянд, Абдулазиз Бутафлиқа як намунаи он ҳокимони дарозумр аст, ки мутаассифона, вақти рафтанашон бо ду панҷа қудратро қабза мекунанд ва дар ниҳоят зери фишори мардум маҷбур мешаванд, ки шармандавор тарки мансаб кунанд.Бутафлиқа дар солҳои 50 ва 60 яке аз чеҳраҳои ангуштнамои ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Алҷазоир буд ва соли 1999 бори аввал президент интихоб шуда, ба ҷанги шаҳрвандие, ки беш аз 150 ҳазор кушта ба ҷо гузошт, хотима дод. Ду давраи мумкини раёсати ӯ соли 2007 ба анҷом расид, вале Бутафлиқа Қонуни асосиро тағйир дода, ҳаққи тамдиди давраҳои раёсаташро ба даст овард. Бори охир ӯ дар аробачаи маъюбӣ қасами президентӣ ёд кард ва баъди он дар мазҳари ом хеле ками дар кам зоҳир мешавад.Моҳи феврал ҳизби ҳоким бори панҷум номзадии Бутафлиқаи 82-соларо ба президентӣ пешбарӣ кард. Вале мардум инро напазируфт ва ба нишони эътироз бо шиорҳо «Ба даври панҷум не мегӯем!”, «Бутафлиқа – ба истеъфо!”, «Низоми ҷумҳурӣ шоҳигарӣ нест!”, «Мо – тарафдори Алҷазоири демократӣ!” ва амсоли ин ба майдонҳо рехт. Пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурд, вале эътирозгарон дар иваз ба нирӯҳои пулис гули садбарг ҳадя мекарданд. Сарвазири Алҷазоир Аҳмад Яҳё бо ишора ба ҷанги харобиовар дар Сурия гуфт, ки дар он ҷо низ эътирозҳо бо ҳадяи гул ба нирӯҳои пулис оғоз ёфта буд, вале доманаи эътирозҳо дигар чунон густарда шуда буд, ки пешашро гирифта намешуд.Алҷазоиркишварест дар шимоли Африқо, ки дар соҳили баҳри Миёназамин ҷойгир шуда, қисми аъзами қаламравашро биёбон ташкил медиҳад. Дар Алҷазоир беш аз 40 миллион нафар зиндагӣ мекунанд Алҷазоир мустамликаи собиқи Фаронса буда, соли 1962 соҳиби истиқлол шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner