Президент: Сохтакорӣ накунед, роҳбарон!

Сиёсат, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Шавкат Мирзиёев, президенти  Узбекистон рӯзи 13-уми апрел дар як ҳамоиш дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё, аз ҷалби муаллимон дар корҳои ободонӣ шадидан интиқод кард. Президент гуфт, ки  аз ин ба баъд он раисони ноҳия ва вилоятҳо, ки муаллимонро ба корҳои иҷборӣ ҷалб мекунанд, қатъи назар аз хизматҳояшон, аз мақом барканор мешаванд. Қаблан сарвазири Узбекистон ба корҳои саҳроӣ ва ободонӣ ҷалб накардани муаллимонро ваъда карда буд. Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши Сайҳунбоди Сирдарё барои аввалин бор аз ҷалби муаллимон ба корҳои саҳроӣ интиқод кард. Бино ба иттилои пойгоҳии хабарии Кун.уз, Шавкат Мирзиёев дар мавриди марги Диана Еникеева, ки ҳангоми тоза кардани кӯча ӯро як мошин пахш кард, сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки чун президент  худро дар ин ҳодиса муқассир медонад. «Ман дар мавриди марги муаллимаи самарқандӣ шунидам. Кадом як мудири мактаб, роҳбар ё ҳоким 2-3 рӯзе қабл, аз омадани кадом як меҳмон хабар додааст. Аммо дар қалби ман чунин аст, ки гӯё ин ҳодиса ба туфайли ман иттифоқ афтодааст. Ман бори дигар ва барои охирин маротиба раҳбаронро ҳушдор медиҳам — аз ин ба баъд агар муаллим, пизишк ва хонандагони мактаб дар корҳои ободонӣ ҷалб шавад, муҷозот сангин хоҳанд шуд. Ҳамзамон бо сабукдӯш шудан аз мақом, ин гуна раҳбар дар назди қонун ҷавобгӯ хоҳад буд. Барои ман фарқ надорад, ки ин ҳоким чӣ хизматҳое карда бошад. Ман маҷбурам дар ин бора сӯҳбат кунам», -гуфтааст Шавкат Мирзиёв. Президенти  Узбекистон ҳамзамон гуфтааст, ки бо вуҷуди сохтакориҳои раисони ноҳия ва вилоятҳо, аз вазъи воқеии аҳолӣ бохабар аст. «Ман аз осмон фуруд наомадаам — як рӯз қабл аз сафар ба вилоят, дар мавриди ин минтақа ба ман маълумот мерасонанд. Мутаассифона, дар бештаре аз маворид ба сохтакорӣ роҳ медиҳанд. Ростӣ гап, ин вазъият дар ман нафратро бедор мекунад. Иҷборан муаллимонро ба корҳо ободонӣ ва тоза кардани кӯчаҳо ҷалб кардан, ба сиёсат хиёнат аст. Ин амалҳо на танҳо ба ман, балки ба сиёсати давлат хиёнат ба шумор меравад»,-гуфт, Шавкат Мирзиёев. Ба андешаи ӯ, ҷалби иҷбории кор барои ҳокимон на раҳмат, балки лаънат овардааст. «Ман дар паси девор чӣ мегузарад ва дар Узбекистон кадом кӯчаро тоза мекунанд ва кадом корҳои ободонӣ анҷом медиҳад, хуб медонам. Як чизро мехоҳам таъкид кунам — бо тоза кардани кӯча ҳеҷ чиз тағйир намекунад. Одамон ташаккур намегӯянд, балки лаънат мекунанд. Мо ҳам дӯсти зиёд ва ҳам душмани зиёд дорем. Шумо бо ин амалҳои худ ба осиёби душманон об мерезед. Ҳамаи раҳбарони ноҳияҳову вилоятҳо ҳамин чизро дарк кунед.» Шавкат Мирзиёев гуфт, «одамон аз ваъдаҳои баландпарвозона ва саҳнасозиҳо дар маҷлисҳо хаста шудаанд — ман аз таҳи дил бароятон мегӯяд, ки агар воқеан дӯст бошед, ба ин амалҳо хотима диҳед. Зеро дар муддати чандин солҳо мо бо ин равиш ба чизе муваффақ нашудем, ки дар ин муддати якуним соли ҳозира ноил шавем. «Дар вақтҳои ахир ба ҳеҷ нафар эътимод карда наметавонам, дар ҷаласаҳо ҳамаи одамон пешкӣ омода карда мешаванд… Ман барои шунидани дарди дили мардум омадам, гапҳои баландпарвозро як сӯи гузоред»,- гуфтааст  Мирзиёев.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply