• Mardon
  • 11.06.2019
  • 0

Путин дар Душанбе бо Маҳмуд Аббос дидор мекунад?

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки мумкин аст рӯзи 15 июн Владимир Путин дар шаҳри Душанбе бо Маҳмуд Аббос, раҳбари давлати Фаластин мулоқот кунад.

Рӯзҳои 14 ва 15 июн дар шаҳри Душанбе нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА) баргузор шуда ва дар он раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Русия ширкат хоҳанд кард.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ сарвазирон, муовинони сарвазир ва вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар, аз ҷумла, Абдулло Абдулло, сарвазири Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт.

27 кишвар узвияти Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА)-ро доранд, ки 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии Осиёро дар бар мегирад. Ҳашт кишвар ва панҷ созмони байналмилалӣ дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner