• Mardon
  • 13.05.2019
  • 0

Раҳбарони Русия ва Фаластин дар… Душанбе дидор мекунанд

Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Давлати Фаластин ният дорад дар моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад.

Риёд ал-Маликӣ, вазири корҳои хориҷии Фаластин ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки дар назар аст ин мулоқот дар рӯзи 15 июн дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҳамоиши “Машварат оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё” анҷом шавад.

“Дар ин ҳамоиш Владимир Путин ва раҳбари давлати мо ширкат мекунанд.Ҳоло мо барои ташкили ин мулоқот талош дорем”-гуфтааст ал-Маликӣ.

То ҳол Кохи Кремлин дар бораи мулоқоти Путин бо Аббос дар шаҳри Душанбе хабари расмие пахш накардааст.

Ал-Маликӣ гуфтааст, ки ду ҳафта қабл дар ҷараёни дидораш бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия вазъияти амниятӣ ва раванди музокирот миёни Фаластину Исроил ва имкони мулоқоти Путин ва Аббосро баррасӣ кардааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner