• Mardon
  • 15.05.2019
  • 0

Раиси Кумитаи амнияти миллӣ истеъфо дод

Идрис Қодирқулов, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон истеъфо дода ва раиси ҷумҳури ин кишвар имрӯз, 15 май истеъфои ӯро пазируфт.

Қодирқулов дар аризаи истеъфояш навиштааст: “Ба далели моҷарои фасод дар Хадамоти ба рӯихатгирии давлатӣ ва хабарҳо дар бораи доштани иртиботаш ба ин моҷаро маро водор кард, ки ба манзури ворид насохтани халал ба раванди тафтишот аз мақомам канор равам».

Ҳамзамон, 15 май Дастан Бекешов, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки барои баррасии иддаои иртиботи раиси КАМ  бо моҷарои фасод аз ҷумлаи вакилон комиссияи вижа таъсис шавад.

Дастан Ҷумабеков, раиси парлумони Қирғизистон ин пешниҳодро пазируфтааст.

Қаблан, Руслан Сарибоев ва Дониёр Бакчиев, муовинони раиси Хадамоти  ба рӯихатгирии давлатӣ ва Талант Абдуллоев, раҳбари ширкати давлатии “Инфоком” ба иттиҳоми “фасод” боздошт шуда буданд.

Ин афрод барои амалҳои коррупсионӣ ба ҳангоми омода кардани бланкаҳои шиносномаи қирғизӣ дар Литва гунаҳкор мешаванд. Дар пайи ин моҷаро Алина Шаикова, раиси Хадамоти  ба рӯихатгирии давлатӣ аз мақомаш барканор шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner