• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 08.04.2019
  • 0

Шукурҷон Зуҳуров: Ҳизби назҳат монеъи пешрафти Тоҷикистон шудааст


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ шаҳри Довҳаи Қатар аз Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ба унвони гурӯҳи террористӣ интиқод карда ва гуфт, ки ин ҳизб дар 30 соли ахир ба пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар монеъ шудааст.


Ҳамзамон, вай пуштибонии бархе аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз гурӯҳи ифротиро як навъ “сиёсати нопок” арзёбӣ кард.


Ҳамчунин, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз роҳ ёфтани гурӯҳи терроистии “Давлати исломӣ” ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ибрози ташвиш намуд, ки ин вазъият метавонад ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар эҷод кунад.


Шукурҷон Зуҳуров гуфт, “Тоҷикистон стратегияи байналмилалӣ ҷиҳати ҳаллу фасли проблемаҳо ва бозсозии баъд аз низоъ дар Афғонистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва ба ҳамкорӣ бо ин кишвар алоқаманд аст”.


Ба гуфтаи вай, мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ феълан ба хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.


Зуҳуров аз кишварҳои узви Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ даъват кард, ки дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалию ифротгароӣ ва талошҳо барои пойдории амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон муттаҳид шаванд.


Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз Қатар хабар дод, ки дар кори ҷаласаи Иттиҳоди Ассамблеяи Баӣнипарлумонии мазкур намояндагони 180 кишварҳои бонуфузи ҷаҳон, аз қабили Руссия, Эрон, Чин, Португалия, Мозамбик, Непал, Қазоқистон, Туркманистон, Шведсия ва дигар кишварҳои ҷаҳон иштирок доранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner