Столтенберг: ИМА кори дуруст мекунад

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО аз нияти хориҷ шудан ИМА аз созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳпарвоз бо Русия ҷонибдорӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон ба пуррагӣ шартҳои ин санадро риоя мекунад, аммо дар сурате, ки Русия онро вайрон мекунад, созишнома наметавонад босамар бошад. Столтенберг афзуд, новобаста ба амалкарди Маскав, НАТО нияти бештар кардани захираи силоҳи ҳастаиро дар Аврупо надорад.

Роҳбари НАТО ин ҳарфҳоро қабл аз шурӯи машқҳои ҳарбӣ таҳти унвони «Найзаи сешохаи воҳид-2018» ба забон овард. Ин размоиш бузургтарин машқҳои низомӣ дар 12 соли охир аст, ки бо ширкати 50 ҳазор низомиёни кишварҳои узви НАТО барпо мешавад. Столтенберг гуфт, паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ омода аст муттафиқони худро аз ҳама гуна таҳдидҳо ҳимоят кунад.

Қаблан президент Доналд Трамп дар мавриди нияти ИМА ҷиҳати хориҷ шудан аз созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳпарвоз ибрози назар карда буд. Мушовири амниятии ӯ Ҷон Болтон ахиран дар дар Маскав дар ин робита музокирот дошт. Кремлин мегӯяд, даст кашидан аз созишномаи қаблӣ хатарнок аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply