Таҳримҳои навбатии Трамп амалӣ мешаванд

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Департаменти давлатии ИМА Конгресро огоҳ кард, ки Маскав дар робита ба таҳримҳо шартҳоро иҷро накарда ва аз ин рӯ механизми баррасии бастаи дуввуми таҳримҳо шурӯъ мешавад.

Бастаи аввали маҳдудиятҳо авохири моҳи август ҳамчун вокуниши ИМА ба заҳролудшавии полковники пешини Идораи истихборотиРусия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия эълон шуда буд.Конгреси ИМА барои шарҳи қазияи заҳролудшавӣ Скрипал ва духтари ӯ дар Солсберии Британия ва такрор нашудани чунин ҳодиса ба Маскав се моҳ муҳлат дода буд. Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Дэвид Теслер дар суҳбат бо Бӣ-бӣ-сӣ гуфт, феълан таҳрими иловагӣ ҷорӣ намешаванд, вале гомҳои баъдӣ мавриди баррасӣ аст. Дар бораи чораҳои мавриди баррасӣ Департаменти давлатӣ баъдтар иттилоъ медиҳад. Аммо аллакай маълум аст, ки бастаи дуввуми таҳримҳо маҳдудиятҳои шадидтареро пешбинӣ мекунанд.Аз ҷумла, манъи пешниҳоди қарз ба ҳукумати Русия аз ҷониби бонкҳои Амрико, ба истиснои харидории маводи ғизоӣ, дар назар аст. Дар бастаи дуввуми таҳримҳо инчунин имкони манъи муносибатҳои дипломатии ИМА ва ҳукумати Русия пешбинӣ шудааст. Парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои зери назорати ҳукумати Русия низ метавонад қатъ шаванд. “Аэрофлот” ба чунин ширкатҳо мансуб аст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply