• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 09.10.2018
  • 0

Тоҷибоева бар зидди Мирзиёев  намоиш ташкил мекунад

Шарҳрдории Париж ба раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи «Бошгоҳи қалбҳои оташин» Мутабар Тоҷибоева иҷозат дод, ки рӯзи 9 октябр, ҳангоми мулоқоти президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Фаронса Эммануел Макрон тазоҳуротро баргузор кунад.

Бино ба хабарҳо, ҳамоиши эътирозии ҳомиёни ҳуқуқи узбек дар майдони Сен-Огюстени Порис сурат мегирад.Тоҷибоева мегӯяд, ҳадаф аз тазоҳурот кӯшиши ба роҳ мондани муколама бо Шавкат Мирзиёев ва ҷалби таваҷҷуҳи ӯ ба мушкили ҳуқуқи инсон дар Узбекистон аст.Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, онҳо мехоҳанд, аз Мирзиёев талаб кунанд, то ба дигарандешони сиёсӣ ва рӯзноманигороне, ки дар табъид ба сар мебаранд, иҷозат диҳад, ба ватан баргарданд. Ҳамчунин фармони президенти пешини Узбекистон аз соли 2014 дар бораи лағви шаҳрвандии онҳо бекор ва ҳолатҳои бедаракшавии сокинон дар солҳои 1990 ва 2000 таҳқиқ шавад.

 

 

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner