• Mardon
  • 12.04.2019
  • 0

Токаев ба Ӯзбекистон меравад

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури ин кишвар рӯзҳои 14-15 апрел бо як сафари давлатӣ вориди Ӯзбекистон хоҳад шуд.

Ин дуюмин сафари расмии Токаев пас аз нишастан ба курсии президентӣ ҳисоб меёбад. Сафари нахустини ӯ ба Русия буд.

ВКХ Қазоқистон хабар додааст, ки дар ҷараёни сафари Токаев ба Ӯзбекистон масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиёт, фарҳанг ва иҷтимоӣ баррасӣ шуда ва чанд санади ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.

Ҳамчунин, Токаев ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Дар соли гузашта гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон 25,3 дарсад афзоиш ёфта ва 2,5 миллиард долларро ташкил додаст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner