• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 11.02.2019
  • 0

Трамп аз ғалаба болои ДИИШ мужда медиҳад

Пезиденти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки ҳафтаи оянда омода хоҳад буд шикасти гурӯҳи даҳшатафкани «Давлати исломӣ»-ро эълон кунад. Трамп гуфт, низомиёни Амрико бо эътилофи муттафиқонаш ва Нерӯҳои демократии Сурия амалан тамоми қаламрави Ироқу Сурияро аз гурӯҳи даҳшатафкани «Давлати исломӣ» пок кардаанд.

Рӯзи 6-уми феврал дар Вашингтон ҳайатҳои 79 узви Эътилофи зидди ДИИШ ҷамъ шуда буданд. Дар ин нишаст президенти Амрико гуфт:»Мо мунтазири пешвозгирии сарбозонамон дар Ватан ҳастем».

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner