Трампу Ким Чен Ин дӯст мешаванд?

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Президенти  Амрико рӯзи дирӯз  гуфтааст, ки ҳафтаи оянда бо Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ дидор мекунад ва дар бораи халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея, гуфтугӯ хоҳад кард.Доналд Трамп, ки дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Ҷопон суҳбат мекард, изҳор дошт, «ҳамон тавр, ки медонед, дар ҳафтаҳои оянда бо Ким Чен Ун мулоқот хоҳам кард, то дар бораи халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Корея гуфтугӯ кунам. Умедворам ин мулоқот як муваффақияти бузург бошад.»Трамп  рӯзи чаҳоршанбе таъйид кард, ки раиси Созмони истихбороти марказии Амрико бо Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ як мулоқоти махфӣ доштааст. Вай изофа кардааст, «агар фикр кунам, ки ин мулоқот бефоида аст, ҷаласаи мулоқотро тарк хоҳам кард ва иқдомоти феълии худ идома хоҳем дод. «Мулоқоти Доналд Трамп ва Ким Чен Ун таҳаввулоти муҳиме дар муносибатҳои ду кишвар хоҳад буд, ки аз поёни ҷанги Корея дар соли 1952, ҳамеша робитаҳои душманона доштаанд. Кореяи шимолӣ дар ин байн борҳо таҳдид кард, ки на фақат алайҳи Амрико, балки алайҳи Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ даст ба иқдоми низомӣ хоҳад зад. Доналд Трамп ҳамзамон гуфтааст, «мо иштибоҳоти ҳукуматҳои гузаштаро такрор нахоҳем кард. Маъракаи мо барои фишори ҳадди аксар бар Кореяи шимолӣ то халъи силоҳи ҳастаӣ идома хоҳад ёфт». Доналд Трамп дар давоми маъмурияти беш аз яксолаи худ таҳримҳои бисёр сахтеро алайҳи Кореяи шимолӣ ҷорӣ  кард ва ҳатто муваффақ буд, ки Чинро водор кунад, то фишори бештаре ба Кореяи шимолӣ биёварад. Ӯ  дар нишасти хабарии худ аз ҳамкории роҳбари  Чин барои фишор ба Кореяи шимолӣ, тақдир кард.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Трампу Ким Чен Ин дӯст мешаванд?

Leave a Reply