Украина узви НАТО мешавад

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Украина мақоми кишвари довталаб ба узвияти НАТО-ро ба даст овардааст.

Дар ҳоли 29 кишвари ғарбӣ шомили ин созмони низомӣ буда, Гурҷистону Мақдуния ва Боснияву Ҳерзоговина мақоми кишвари довталаб ба узвиятро доранд.

Дар иттилояи расмии НАТО аз 9-уми март гуфта шудааст, “дари ин созмон ба рӯи ҳама кишварҳои аврупоӣ, ки майли пайвастан ба ин созмонро доранд, боз хоҳад монд”.

Порлумони Украина тобистони соли 2017 қонунеро тасвиб кард, ки пайвастан ба НАТО-ро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии он кишвар эътироф мекунад. Дертар Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ҳам гуфт, барои таҳияи нақшаи узвият дар НАТО музокиротро оғоз хоҳад кард.

Украина дар ҳоли ҳозир дар шарқи он кишвар бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия даргир аст. Дар низои чаҳор соли охир дар шарқи Украина беш аз даҳ ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазори дигар беҷо шудаанд

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply