Вазири мудофиа иваз шуд

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Президенти Қазоқистон, Нурлан Эрмекбоевро вазири дифоъ таъин кард. Дар ин бора дафтари матбуоти президент Нурсултон назарбоев рӯзи 7 август хабар дод. Эрмекбоев дар ин мақом Сакен Жасузаковро иваз кард.Сабаби барканории вазири пешин аз мақомаш маълум нест.Эрмекбоев 55 — сола аст ва аз моҳи апрели соли равон ба сифати дабири Шӯрои амнияти Қазоқистон фаъолият мекард. Қабл аз гузаштан ба Шӯрои амният, ӯ вазири кишвар дар умури масоили мазҳаб ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буд.Нурлан Эрмекбоев, ки ба забонҳои қазоқӣ, русӣ, англисӣ, чиноӣ ва португалӣ сӯҳбат мекунад, ҳаичунин ба ҳайси сафири Қазоқистон дар Чин ва Кореяи Шимолӣ хизмат кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply