• Administrator
  • 11.04.2017
  • 11

Гуфтугӯи мустақими телефонии хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид

Рӯзи  душанбе, 17 апрели соли равон дар идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз соати 10:00  то 12:00  гуфтугӯи мустақими телефонӣ бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид баргузор мегардад. Шумо метавонед қаблан саволҳои худро тариқи почтаи электронии сомонаи Tajikistantimes.tj, tojikiston@pressa.tj,   tojikiston-1992@mail.ru ба вайбери 985-81-89-81  ва ё дар рӯзи баргузории гуфтугӯи мустақим тариқи телефонҳои 2385451, 93 111 08 61, 93 505 95 35 бевосита ба худи вазир диҳед. Саволу ҷавоб дар шумораи навбатии «Тоҷикистон»  нашр хоҳад шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Махина:

    Ман ду диплом дорам. Якеаш Донишгохи милли асту дигараш колечи тибби аст. Боз мехохам, ки ба факултаи ХИМ БИОЛОГИЯ супорам ва ихтисоси тибиамро сайкал дихам. Оё барои ман ягон имтиёз аст? Чи тавр ба донишгох дохил мешавам, ба таври машварат (собеседование) ё тарики Маркази тести?

  • Нодира:

    Мухтарам Вазир! Имсол Донишгоҳи омӯзгориро бо ихтиссоси омӯзгори забони англисӣ хатм менамоям. Мегуфтед, ки оё ман барои идомаи таҳсил дар магистратура , имсол нею солхои оянда таҳсиламро идома дода метавонам? Саволи дигарам ин ки дипломамро танҳо дар сурати дар мактаб кор кардан гирифта метавонам, ё фаъолияти дигар идорахо низ кабул карда мешавад?

  • Хонанда:

    Ҳамсарам орзуи ба донишгоҳи олӣ дохил шуданро дорад. Ман зиди хондани ҳамсарам нестам вале аз надоштани шаходатномаи синфи 11 ман наметавонам орзуи ҳамсарамро амали созам. Оё бо шаҳодатномаи синфи 9 ҳамсари ман метавонад ба доншгоҳи соҳибкорӣ ва ёин ки ба колеҷи тиббӣ тахсил намояд?

  • Диловар:

    Суоли ман ба мӯҳтарам вазир , чаро дарси таьрихи динро аз байн бурдеду аммо то ҳол китоби таърихи дунёи қадимӣ синфҳои 5-6,ки сар то по ҳама навиштаҳояш сафсатаву атеистист мавриди омӯзиш қарор дорад? Оё намешавам ба ҷои ҳамин ягон фанни муфидро гузоред ё ҳадди ақал таърихи исломро баргардонед ? Дар ҳама баромадҳоятон аз ифроти шудани наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ мекунеду аммо намегузоред ҳамон наврас ақалан дар бораи динаш каме маълумот гирад!
    Чаро барои таърихи дурӯғин омӯзгор будаасту аммо барои таърихи дин омӯзгор набудааст?

  • Назаров Парвиз:

    Салом устод, Ман, собиқ устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин фанни фалсафаро аз Шумо таълим гирифтаам. Дар замони роҳбари ДМТ буданатон аз Шумо хеле низоми корро омӯхтам. Зиёд мехоҳам дасти Шуморо фишораму бо эҳтиром ва самимият изҳори сипос намоям. Боқӣ дар амони Худованду пешбарандаи сиёсати Пешвои миллат бошед!

  • ХонанТемиров, Байрам сокини ноҳияи Ҷиликул, шаҳраки Гараути, тел: 985-14-30-33 да:

    Саволи 1.
    Ҷавони 26 солаи нобино ҳастам. Хатмкардаи Донишгоҳи Омӯзгори ба номи С. Айнӣ. Ба наздики ба қабули вазири маориф рафтам ва онҳо ба ман тавсия доданд,ки ба мудири маорифи ноҳия равед, шуморо бо кор таъмин мекунанд. Онҷо рафтам онҳо ба ман гуфтанд, ки шуморо мо бо кор таъмин карда наметавонем, чунки кор холӣ надорем, дилшикаста шуда баргаштам. МЕхоҳам вазир ба ман кӯмак кунанд?
    Темиров, Байрам сокини ноҳияи Ҷиликул, шаҳраки Гараути, тел: 985-14-30-33

  • Бегим,аз шахри Остонаи Казокистон:

    Саволи ман хамин ки барои чи хамин дипломхои Точикистона дар дигар давлатхо кадр намекунан яьне ба кор кабул намекунан….аз чумла дипломи банда ки хатмкардаи донишгохи милли аст….ташакури зиед

  • Савол ба вазир:

    Мо волидайни хонандагон аз мактаби тахсилоти миёнаи умумии раками 28-и нохияи Фирдавсии шахри Душанбе ба Шумо вазири мухтарам савол дорем: Чанд руз пеш ба ин мактаб директори нав омад. Пеш аз у Замира Азизовна директор буд, ки хамаги 1 сол нашуда уро аз вазифа гирифтанд. Фарзандони мо мегуянд ки Замира Азизовна муаллимаи сахтгиру серталаб ва кордон буд. Баъди директор шудани у як бинои фарсудаи мактаб таъмир шуда майдончаи варзиши сохта дода шуд. Дар синфхонахо хам камерахои назорати насб шудаанд. Аммо чаро уро аз вазифаи директори озод намуданд? Мегуянд ки ихтисоси директори нави хозира филологи точик аст. Дар сохаи маориф ягон сол кор накардааст. Ин мактаб кариб ки руси аст. Азбаски директори нав ба сардори раёсати маорифи шахр наздики дорад, ба ин вазифа таъин кардааанд. Магар мешавад ки бо рохи шиносбози сохаи илму маорифи кишварро рушд дод? Ояндаи ин мактаб ва фарзандони мо чи мешавад? Рохбар хам ба ояндаи инсон накш дорад.

  • Сирочуддин. Ванч:

    Салом алейкум чаноби Вазир! Саволи ман дар масъалаи квотаи президенти мебошад.Яъне нохияи Ванч аз 6-то чамоат иборат мебошад ва ба кариби маракаи имтихонгири барои маълум кардани хонандагони болайокат ва ноил шудан ба квотахои президенти сар мешавад.Аммо раисаи нохия аз пеши худ карор баровардааст,ки барои ноил шудан ба квотахо факат хонандагони 2 (ду) чаммоат рох дода шаванду халос.Оё як чунин карор баровардан конунист? Чун,ки хонандагони 4 (чор ) чамоати дигар таери дидаанд ва мехоханд дар имтихоноти квотаи Президенти иштирок кунанд ва донишу малакаи худро санчида сохиби квота шаванд.

  • Ашурова Азиза.:

    Добрый день уважаемые министр ! Я являюсь в данное время студенткой ,учусь на магистратуре в городе Белгород (РФ)так же со мной учится много студентов из Таджикистана. После окончания университета каждый из нас хочет вернуться на родину работать во благо нашей страны, поделиться опытами и знаниями которые мы получаем здесь. Вопрос к вам уважаемый министр :Нуждается ли сегодня Таджикистан в новых кадрах , поехав на родину мы можем быть уверены что найдем работу по специальности?
    Огромное спасибо.

  • Плавонова Сабрина:

    Мухтарам ,Вазир ман имсол тавасути ММТ ба Донишгохи омузгори ба номи Садриддин Айни ба факултаи биология ва химия дохил шудам ,аммо бисер мехостам ,ки ба Донишгохи тибби дохил шуда, хамчун табиб ба халки азизам хизмат намоям.Ое метавонам,ки ба он интикол гирам? Бисер хохиш доштам ки ба ман барои он кор мусоидат мекардед

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner