Абдусалом Шодмонов аз мақом барканор шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Абдусалом Шодмонови 44-сола, ки ба ҳайси муовини раиси Ширкати миллии радиотелевизиони Ӯзбекистон дар умури масоили амният фаъолият мекард, аз мақом барканор шуд.

Шодмоновро 6 апрел аз мақом барканор карданд. «Назорати умумӣ» ва ба кор пазируфтану аз кор озод кардани кормандон дар салоҳияти Шодмонов шомил мешуд.

Баъди аз кор озод шудани Шодмонов вазифаи мазкур низ барҳам дода шудааст.

«Ин вазифа ҳамчуноне, ки пештар дар Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон барҳам дода шуда буд, акнун дар Ширкати миллии радиотелевизион низ барҳам дода шуд», — гуфт як манбаи огоҳ аз қазия.

Малоҳат Эшонқулова, як хабарнигори собиқадори телевизиони Ӯзбекистон мегӯяд, зери назорати Шодмонов дар телевизионҳо барномаҳои махсус зидди «намояндагони мухолифин, диндорон ва мансабдороне, ки ба фасодкорӣ айбдор шудаанд», омода мегардид.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply