Ален Делон: Маро бо сагам якҷо ба хок супоред

ДИН ВА ҶОМЕА, Наход, ҶАҲОН

Ален Делон , ҳунарманди машҳури кино дар мусоҳиба бо маҷаллаи Paris Match ба муносибати 80 солагии хеш гуфтаас, ки дилаш аз ин дунёи пур аз дуруғ мондааст ва бе ягон пушаймониву дилкашолӣ онро тарк хоҳад кард.


«Имрӯз ҳама чиз тақаллубист, ҳама дар фикри пулу сарватанд, ҳеҷ кас ба қавлаш устувор нест, ҳамарӯза дар ВАО хабарҳои ҷиноятиро пахш мекунанд. Ман ин дунёро бе пушаймонӣ тарк хоҳам кард” гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Делон дӯсти аз ҳама содиқу вафодори вай саги 2 солааш мебошад, ки мехоҳад ҳамроҳаш гӯр карда шавад:

Агар ман ҳис кунам, ки умрам ба охир расидаистодааст хоҳиш менамоям, ки саги маросӯзандоруи марговар кунанд, то моро бо ҳам ба хок супоранд.Намехоҳам, ки пас аз ман вай аз андӯҳи зиёд дар сари қабрам ҷондиҳад”.
Ҳамчунин ҳунарманди машҳур илова намудааст, ки то ба имрӯз сафи хонумоне, ки дар атрофи вай мечарханд зиёд  аст, вале  “Ҳамон ягонаеро, ки бояд мебуд ман вонахӯрдам муаасифона”.

Ашёҳои қиматтарини ҷаҳон


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply