Даргузашти Қодирҷон Ботиров дар Одесса

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Қодирҷон Ботиров, ки дар ватан ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум буд, дар сини 62 дар вилояти Одессаи Украина даргузашт.

Наздикони Ботиров гуфтанд, ӯ шаби 3 ба 4 декабр, пас аз адои намоз хоб рафта, дигар нахестааст.

Қодирҷон Ботировро дар Қирғизистон ба ангехтани адовати миллӣ, даъват ба ҷудоихоҳӣ ва ташкили бетартибиҳо дар соли 2010 айбдор эълом ва ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буданд. Соли 2011 бо қарори додгоҳ тамоми дороиҳои Ботиров — 28 иншооти марбут ба ӯву ҳамсараш Каромат дар Қирғизистон мусодира ва давлатӣ карда шуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply