Донишгоҳи тиббии Хатлон аввалин шартномаи худро имзо кард

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Дар соли сипаригардида аз тариқи ММТ  18 836 нафар довталаб ба донишгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд, ки ҳамагӣ 990 нафар соҳиби номи донишҷӯ гардиданд. Ин нишондиҳанда инъикосгари эътироф гардидани донишгоҳ дар давоми фаъолияти ҳамагӣ 2 солааш мебошад, зикр намуд Убайдулло Қурбон ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ

Дар соли 2017 Донишгоҳ аввалин шартномаи ҳамкории худро бо Донишгоҳи тиббии Синзияни Ҷумњурии Халқии Хитой ба имзо расонид.  Ҳамчунин қайд гардид, ки  5 нафар аз донишҷўёни болаёқат ва 4 нафар аз олимони ҷавон  дар ин сол барои  таҳсили аъло ва  дастоврдҳои илмию навовариашон бо стипендияҳои раиси вилояти Хатлон, КИ ҲХДТ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва Кумитаи ҷумҳўриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустиит ҶТ гардидаанд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мутобиқи  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 феврали соли 2016,  бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб таъсис ёфтааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply