Хеши президент 160 мусофирро аз ҳавопаймо берун кард

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Як хеши наздики президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамроҳ бо аъзои хонаводааш тамоми мусофирони як ҳавопайморо берун карда, бо ин ҳавопаймо худ ва хонаводааш парвоз кардаанд.

Як манбаъ гуфт, ин ҳодиса тақрибан як моҳ пеш дар масири парвози Туркманобод-Ишқобод рух додааст. Дар натиҷа 160 мусофири соҳиби чипта натавонистанд бо ҳавопаймо парвоз кунанд.

«Хеши президент ҳамроҳ бо хонаводааш аз истироҳат бармегашт. Ба сабаби он ки ҳавопаймои махсус сари вақт ҳозир нашуд, вай мусофиронро аз ҳавопаймои мавҷуда берун оварда, худу хонаводааш парвоз карданд», — гуфт як намояндаи фурудгоҳи Туркманобод.

Гуфта мешавад, ин хеши президент аз истироҳатгоҳи Койтендаги вилояти Лебап бармегашт. Дар замони ҳузури вай дар Койтендаг сокинони маҳаллӣ бо маҳдудиятҳои зиёд рӯ ба рӯ шуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Хеши президент 160 мусофирро аз ҳавопаймо берун кард

  • Нагз кардаст… хаму мусофирои аблахро. Хама каса хеши Курбонгулака тайи шатта мегирифтан ба хешои дигарро дарс мешуд… 160 нафара муран аз ин холашон….

Leave a Reply