Мақомоти Ироқ: Абубакр Бағдодӣ намурдааст

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Як мақоми баландпояи Ироқ гуфт, ки раҳбари гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» Абубакр Бағдодӣ ҳоло ҳам зинда аст ва баъди маҷрӯҳ шудан дар бемористони Сурия табобат мегирад.

Нашрияи давлатии Ас-Сабоҳ рӯзи 12-уми феврал аз қавли рабҳари истихбороти Ироқ Абу Алӣ ал-Басрӣ навишт, «мо аз дохили ин гурӯҳи террористӣ маълумоти раднашаванда дорем, ки Бағдодӣ зинда буда, дар минтақаи ал-Ҷазира, воқеъ дар қисмати шимоли шарқи Сурия паноҳ бурдааст.»

Сарфи назар аз суқути «Хилофат», ки як замон сеяки қаламравҳои Сурия ва Ироқро таҳти назорат дошт, гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ҳоло ҳам дар вилояти шимолии Сурия — ал-Ҳасака ҳузури чашмгир дорад.

Басрӣ гуфт, Бағдодӣ аз ҷароҳат, диабет ва шикастани усутхонҳои баданаш дар азоб аст ва наметавонад бе кумаки дигарон роҳ равад.

«Раҳбари гурӯҳи террористӣ дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоӣ ба истеҳкоми ДИИШ дар Ироқ маҷруҳ шуд,» — гуфт ал-Басрӣ.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply