Малах мардро мард мекунаду…

ДИН ВА ҶОМЕА, Наход, ХАБАРИ ТОЗА

Ин ҷонварро ҳама хуб медонанд. Агарчӣ он безарар аст, вале бештари одамон аз он метарсанд. Аз як тараф ба он нигарем, дар назар ҳашароти бедилу ҷигар менамояд, зеро он мисли чӯб аст. Дар баробари чубмонанд будани худ, ҷиҳатҳои манфиатовар зиёд дорад. Хӯрдани малах ахлоти ғафсгаштаю дар рӯда манъшударо пок карда, бемориҳои вобаста ба шушро шифо мебахшад. Мардоне, ки норасогии қувваи мардонагӣ доранд, метавонанд, аз малах истифода намоянд, яъне онро хӯранд. Ба бемориҳои роҳҳои пешоббарор давои хуб буда, аз ҷумла, чакамезакро шифо мебахшад. Малахро бо пойҳояш  кӯфта ба доғи кунҷитак, озах ва қутури дар пӯст буда банданд, онҳоро дафъ мекунад. Намудҳои малах зиёд аст, яъне сабзрангу хокӣ ва ғайраҳо мебошад. Малахи фарбеҳи беболро бирён карда хӯред, он давои заҳри каждум мебошад. Навъи сабзи гардандарози онро, ки дар боғу зироат зиёд ба чашм мерасад, ба гардан овезед, таби дурударозро ба ибо меоварад. Малахи намаккардашуда зарари зиёд дорад. Он дар бадан қутур ва носолимиро ба вуҷуд меорад. Агар ба шумо чунин зарар расонид, метавонед барои дур сохтани он сиканҷабин, анори майхуш, шираи тухми чилмангӯштак истеъмол намоед. Ягона роҳи дур кардани малах сӯзонидан мебошад, ки онҳо аз тарс мегурезанду мавзеъашонро тарк мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply