Масхараи муаллима боиси худкушии хонанда гаштааст

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон сабаби марги мармузи духтари 16-сола аз деҳаи «Кулбапоён»-ро тафтиш доданд. Ҷасади ин хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 45-и Самарқанд 17 апрел дар оғилхонаашон овезон пайдо шудааст.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳои хонанда, духтари ноболиғ дербоз бо муаллимаи худ дар мактаб баҳсе доштааст. «Муаллима ӯро бисёр масхара мекардааст. Мегӯянд, ки духтар ба ин ҳама азияти равонӣ тоб наоварда, худро дор кашидааст», – гуфт ҳамсояи марҳум.

Роҳбарони мактаби миёнаи рақаи 45 аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд. Карим Сатторов, фаъоли деҳаи «Кулбапоён» хабари дар пайи фишору муносибатҳои бади муаллима даст ба худкушӣ задани хонандаро рад намуд.

«Шахсан ба мактаби 45 рафтам. Ин муаллима воқеан ҷиддӣ ва серталаб буд. Вай нисбати ҳамаи хонандагон сахтгир аст. Ҳамчунин муаллима ба хонаи хонандагоне мерафт, ки ба дарсҳо намеомаданд. Аз хонандагон пурсидам, ки оё муаллима онҳоро мезанад? Онҳо лаб накушоданд. Ба ман гуфтанд, ки духтари худкушикарда сустхон ва хаппак буд. Ҳоло маълум нест, ки чӣ боиси худкушии ӯ шудааст. Додситонӣ қазияро тафтиш дорад», — афзуд Сатторов.

Наздикони хонанда нахостанд, дар ин бобат бо рӯзноманигорон суҳбат кунанд.

Вақтҳои охир дар Ӯзбекистон ҳолатҳои худкушӣ миёни наврасону ҷавонон зиёд рух медиҳад. Ҷасади духтари ноболиғ, хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи рақами 69 –и ноҳияи Ёшнободи Ӯзбекистон Н.О.-ро низ 3 май дар хонаашон овезон пайдо карданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply