Мавъизаи имомҳо бар зидди худкушӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Дар намозҳои панҷвақтаи Ӯзбекистон имомҳои масҷид дар бораи ҳаром будани худкушӣ мавъиза мекунанд. Бархе аз ходимони дин дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои дигари Ӯзбекистон гуфтанд, аз Кумитаи дин дастур гирифтаанд, ки дар ин мавзуъ мавъиза кунанд.

«Сабаби ин мавъизаҳои мо дар он аст, ки дар кишвар шумори худкушиҳо афзудааст. Ислом худкуширо манъ мекунад. Заифии имон боис мешавад, ки одамон худкушӣ кунанд», — гуфт ёвари имоми масҷиди «Сироҷ Солеҳ».

Дар ҳамин ҳол, бархе аз имомони дигар дастур гирифтаанд, ки хона ба хонаи сокинон гарданд ва гуноҳи кабира будани худкуширо фаҳмонанд.

«Давоми ду моҳи охир дар Ӯзбекистон шумори худкушиҳо афзудааст ва мо ба имомон дастур додем, ки дар намозҳои панҷвақта дар ин мавзуъ суҳбат кунанд. Мо дар мубориза зидди падидаи худкушӣ аз шеваҳои дигар ҳам кор мегирем, масалан навори видеоӣ нашр мекунем, мақола менависем», — гуфт намояндаи шуъбаи кор бо созмонҳои динӣ ва имомхатибони масҷидҳои Кумитаи кор бо дини Ӯзбекистон.

Бино бар иттилои расмӣ, дар Ӯзбекистон аз миёни 100 ҳазор сокин ҳамасола 6 нафар худкушӣ мекунанд. Аммо бино бар омори ғайрирасмӣ афроди бештаре ҳамасола худкушӣ мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply