Милиса духтарро аз худкушӣ наҷот дод

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳад, шаби 6 ноябр дар кӯчаи Лев Толстойи шаҳри Бишкек корманди милиса Нурлан Кулданбоев духтареро дид, ки мехост худро аз болои пул ба поён партояд, наҷот дод.

Рафтори духтар ғайриоддӣ буд. Милиса ба духтар дар ҳоле наздик шуд, ки вай мехост, худро ба поён афканад. Аммо милиса тавонист ӯро нигаҳ дорад.

Баъдтар маълум шуд, ки дар гардани духтар ресмоне овезон буд. Нурлан Кулданбоев ҳамкорони дигарашро ба наҷоти духтар даъват кард.

Духтаре, ки мехост, худкушӣ кунад, 19 сол дошта, аз вилояти Чуй ба Бишкек кӯчидааст. Гуфта мешавад, вай баъди ҷанҷол бо шавҳар қасд ба ҷони худ кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply