Ҷопониҳо пеш аз имтиҳон шоколод мехӯранд

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз рӯзи байналмилалии шоколод аст. Ин идро бори аввал   соли 1945 франсузҳо ҷашн гирифтанд. Имрӯз дар ҷаҳон намудҳои зиёди шоколод  мавҷуд аст. Ширин, талх, сиёҳ, шоколод бо шир, бо донагӣ, бо мева ва ғайраву ғайраҳо. Ба муносибати иди шоколод чанд факти  ҷолибро барои дӯстдороно ин ширинӣ таҳия намудем.

Вазнинтарин шоколоди дунёро дар Италия истеҳсол кардааст. Мутахассисоне, ки дар ин шоколодро истеҳсол намуданд, мегуянд ки асосан ин шоколод аз какао таркиб ёфтааст. Онро соли 2007 пухта буданд, ки вазнаш 6,98 тоннаро ташкил медод. Онро ширкати «Rivarolo» истеҳсол карда буд.

Дар Арманистон низ шоколоди вазнинтаринро тайёр кардаанд.Он 4 тоннаю 600кг вазн дорад. Ин шоколодро  ширкати «Ривароло» истеҳсол намудааст. Номи он «Thorntons» (монстр)  мебошад, ки ҳоло серхаридортарин шоколоди руйи ҷаҳон маҳсуб меёбад.  Асосан шоколодҳои бонуфуз  нархи гарон доранд. Ва ин гуна шоколодҳоро танҳо метавонанд оилаҳои сарватманд харидорӣ кунанд.

Аз ҳама шоколоди қимматтарин дар ҷаҳон дар Амрико истеҳсол мешавад. Нархи он қариб  2000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

 Ҷопониҳо пеш аз оғози имтиҳон шоколоди “Кит-кат”-ро истеъмол менмоянд. Ба андешаи онҳо  ин зенҳни толибилмро хуб мекунад.

Дар Амрико  журнале бо номи Шоколод нашр мешавад, ки он ҳаруз чоп шуда,  дар бораи шоколодҳо маълумот медиҳад.

Таҳияи Уғулой Қутбиддинзода


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply