Оши палави консервашуда 3,5 доллар

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Як корхонаи Узбекистон ба истеҳсол ва фурӯши оши палав дар шакли консервашуда оғоз кардааст. Як қуттии консерваи оши палавро ин ширкат дар Русия 190 рубл, ё қариб 3,5 доллар мефурӯшад.

Даниил Кислов, сардабири сомонаи маъруфи «Фарғонанюс” аксҳои як қуттӣ оши палави консервашударо нашр кардааст.

Ин оши палав истеҳсоли ширкати «Inter Plast Tashkent” буда, дар бозори Русия бо бренди «Ташкентский плов” («Оши тошкандӣ”) бо нархи 190 рубл, ё қариб 3,5 доллар фурӯхта мешавад. Яъне як килои чунин ош ба харидор бо нархи 10 доллар тамом мешавад.

Ҳар қуттии оши тошкандии консервашуда 335 грамм буда, дар таркибаш, ба гуфтаи истеҳсолкунандагон, биринҷ, гӯшти гов ё гӯсфанд, сабзӣ, пиёз, равған ва нахӯд дорад.

Аммо Даниил Кислов, ки аз ин ош чашидааст, ба он баҳои 3 дода мегӯяд, ки биринҷаш то охир хуб пухта нашудааст ва гӯшташ низ «хеле кам, ҳамагӣ чанд тор” аст. Вале, ба сурати умум, меафзояд Кислов, ин оши консервашуда низ дар ночорӣ қобили хӯрдан ҳаст.

Бисёриҳо дар баҳси зери ин аксҳо навиштаанд, ки оши палави консервашуда дар ҳеҷ сурат ҷои оши тоза дамхӯрдаеро, ки аз дег мекашанд, пур карда наметавонад ва маззаи оши ҳақиқиро низ надорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply