Президент дар рухсатӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Сомонаи туркии Нurriyet Daily News аксҳои «рухсатии навбатии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев»-ро дар Бодруми Туркия нашр кард. Ба иттилои сомона, Назарбоев, ки 9 соли ахир рухсатии худро дар як меҳмонсарои Бодрум мегузаронад, аз киштии соҳибкори қазоқ Алиҷон Иброҳимов низ истифода кардааст.

Бахши англисии сомонаи мазкур 28 июл чанд акси мардеро дар соҳили баҳри Эгей нашр кард, ки ба президенти Қазоқистон хеле монанд аст. Дар яке аз онҳо атрофиёнаш ба ӯ дастпок медиҳанд.

Дар акси дигар «президент» дар иҳотаи чанд нафар шино мекунад. Сомона мегӯяд, «президенти Қазоқистон» хеле шино кард ва баъдан 20 дақиқа дар ҳавои боронӣ бо шаш муҳофизаш гаштугузор кард.

Дар миёни аксҳо акси киштие низ ҳаст, ки Нurriyet Daily News онро киштии соҳибкори қазоқ Алиҷон Иброҳимов номидааст. Иброҳимов соҳиби чандин ширкат буда, дар радифи 50 шаҳрванди сарватмандтарини Қазоқистон шомил аст.

Ба иттилои Нurriyet Daily News, Назабоев чанд рӯз баъд аз ҷазираҳои Юнон низ боздид карда, онҷо ду ҳафтаи дигарро сипарӣ мекунад.

Дар дастгоҳи президенти Қазоқистон гуфтанд, ки онҳо танҳо ба суолҳои марбут ба сафарҳои кории Назарбоев посух хоҳанд гуфт ва тавсия доданд, ки ба идораи умури президент муроҷиат карда шавад. Сухангӯи идораи президенти Қазоқистон Елена Клевтсова гуфт, ӯ хабар надорад, ки Назарбоев рухсатиашро дар куҷо мегузаронад.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон ибтидои ҳафтаи равон иттилоъ дод, ки президент Нурсултон Назарбоев ба рухсатии кутоҳмуҳлат баромад. Вале нагуфт, ки рухсатии ӯ чи қадар идома меёбад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply