Тест: Оё шумо ба қадри вақт мерасед?

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА

Мо дар асре қарор дорем, ки ҳар лаҳзаву дақиқа қимат аст ва беҳуда гузаронидани вақт баробари аз даст додани бахту саодат ва давлату савлат аст.

1.Ба вохӯрии корӣ ва нишасти дӯстон сари вақт ҳозир мешавед?

А) Бегуфтугӯ -3.

Б) Баъзан дер мекунам-1.

В) Дер карда бошам ҳам, ин кор хеле кам рух додааст-2.

  1. Ба шумо коре, ки дар вақти муайян бояд ба анҷом супоред, писанд аст?

А) Аз маҳдуд будани вақтам шод намегардам—1.

Б) Чунин тарзи кор беҳтар аст, зеро тамоми вақти худро ба нақша гирифтан имконпазир мегардад-3.

В) Бароям фарқ надорад-2.

  1. Кадом намуди истироҳат ба шумо писанд аст?

А) Истироҳати фаъол-3.

Б) Дивани мулоим, компютер ва телевизор-1.

В) Ҳар хел, аз табъам вобастагӣ дорад-2.

  1. Дар корҳоятон пайдарҳамӣ вуҷуд дорад?

А) Албатта-3.

Б) Бале-2.

В) На ҳамеша чунин амал карда метавонам-1.

  1. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ зуд-зуд меҳмон мешавед?

А)Бале-1.

Б) Баъзан-2.

В) Не, сомонаҳои иҷтимоӣ барои ман ҷолиб нестанд-3.

  1. Шумо чизҳои даркориро дар хона ё мавзеи корӣ гум мекунед?

А) Бале, аксаран-1.

Б) Баъзан чунин мешавад-2.

В) Хеле кам-3.

  1. Шумо орзу карданро дӯст медоред?

А) Баъзан-2.

Б) Не-3.

В) Бале, ин шуғли дӯстдоштаи ман аст-1.

  1. Барои тамошо кардани барномаи аҷиб тамоми кору бори худро ба таъхир мегузоред?

А) Бале-1.

Б) Агар корҳоям муҳим набошанд-2.

В) Не-3.

  1. Шумо панди «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор»-ро риоя мекунед?

А) Ҳамеша аз рӯйи он амал мекунам-3.

Б) Бале-2.

В) На ҳамеша-1.

  1. Шумо вақти зиёди худро ба бозиҳои компютерӣ сарф мекунед?

А) Ман одати паси монитор дурудароз нишастанро надорам-2.

Б) Чандин соат паси компютер мешинам-1.

В) Тамоман бозӣ намекунам-3.

Холҳоро ҷамъ карда бо натиҷа шинос шавед.

Аз 10 то 16 хол

Инсоният аз уҳдаи корҳои зиёде мебарояд, вале вақтро бозпас гардонида наметавонад. Ба қадри ҳар лаҳзаи умр расида, ба маънии суханони бузургон, ки чунин гуфтаанд, диққат диҳед: «Ҳар рӯзи мо мисоли ҳаёти кӯчак аст!»

Аз 17 то 23 хол

Шумо ҳамеша поятонро ба андозаи кӯрпа дароз мекунед ва вақту қувваи худро беҳуда сарф намекунед. Ба ҳар ҳол ба ҳаёти худ навигарӣ ворид намуда, баъзан реҷаи муқаррарии рӯзро тағйир диҳед.

Аз 24 то 30 хол

Шумо ба қадри вақт расида ҳар лаҳзаро ба эътибор мегиред. Барои он ки организми шумо баъди рӯзи вазнин истироҳат намояду барқарор шавад, ҳатман барои истироҳат вақт ҷудо кунед.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Бори дигар ба кормандони сомона изҳори сипосу миннатдории хешро баён менамоям, зеро хоҳиши моро аз хотир зудуда насохтаанд.

  • Беҳтарин тест. Ҳар яки мо бояд вақти хешро пурсамар сарфа намоем.

  • 19-хол Бад не.Боз хам кушиш мекунам ба речаи руз))

Leave a Reply