Тест: Шумо танбал ё чаққон?

ДИН ВА ҶОМЕА, ХАБАРИ ТОЗА

Мо, одамон аксаран дар зиндагӣ аз сабаби танбалиамон чизҳои муҳимро ба даст оварда наметавонем. Шахси чаққоне чизи дилхоҳи моро аз таги биниамон кашида мебарад, вале ҳатто ҳавсала намекунем, ки аз ҷоямон бархезем. Ба саволҳои санҷишнома содиқона ҷавоб гуфта муайян созед, ки шумо одами танбал ҳастед ё чаққон.

  1. Филмеро бо шавқ тамошо доред, вале баногаҳ реклама сар мешавад, шумо бошед пулти телевизорро ёфта наметавонед. Амали шумо:

А) Модоме пулт нест, рекламаро тамошо мекунам- 3 хол.

Б) Аз ҷоям хеста аз мурваттобаки телевизор шабакаи дигарро мемонам- 1 хол.

В) Ягон аъзои хонаводаро даъват мекунам, то ки пултро ёфта диҳанд- 2 хол.

  1. Пиёда сайругашт карданро дӯст медоред?

А) Бале- 1 хол.

Б) Баъзан- 2 хол.

В) На он қадар – 3 хол.

  1. Шумо худро одами чаққон меҳисобед?

А) Бале, ҳамеша ба ҳама кор омода ҳастам – 1 хол.

Б) Бале- 2 хол.

В) Не- 3 хол.

  1. Қабул кардани меҳмон ва дар хонаатон маърака оростанро дӯст медоред?

А) Бароям чунин маъракаҳо хуш меоянд.

Б) Агар ягон баҳонаи хуш бошад.

В) Не, тамоман хуш надорам- 3 хол.

  1. Кадоме аз ибораҳои зерин ба шумо писанд аст?

А) «Танбалӣ муҳаррики тараққиёт аст»- 3 хол.

Б) «Танбал чунон зӯр аст, ки филро чаппа мекунад»- 1 хол.

В) «Танбалӣ, ин як намуди истироҳат кардан аст»- 2 хол.

  1. Субҳгоҳон машқи бадан мекунед?

А) Ҳар субҳ- 1 хол.

Б) Баъзан- 2 хол.

В) Барои ин на қувват дораму на вақт- 3 хол.

  1. Дар ҷойи кор ба шумо дар курсҳои такмили ихтисос таҳсил намуданро пешниҳод кунанд, чӣ кор мекунед?

А) Ғамгин мешавам, зеро дигар вақти холиям намемонад- 3 хол.

Б) Ноилоҷ розӣ мешавам- 2 хол.

В) Ин имкони хубест барои аз худ намудани чизҳои нав- 1 хол.

  1. Рӯзҳои истироҳат хоб рафтанро дӯст медоред?

А) Бале- 3 хол.

Б) Не, ман истироҳати фаъолро авлотар медонам -1 хол.

В) Ин аз боду ҳаво ва чигунагии табъам вобаста аст-2 хол.

  1. Чунин ҳам мешавад, ки вақти ба наздикону дӯстон занг задан намеёбед?

А) Баъзан- 2 хол.

Б) Ҳеҷ гоҳ- 1 хол.

В) Бале, аксаран- 3 хол.

  1. Шумо хонаатонро зуд-зуд рӯбучини пурра мекунед?

А) Ҳафтае то се маротиба – 2 хол.

Б) Кӯшиш мекунам ҳамарӯза рӯбучин кунам- 1 хол.

В) Ҳафтае аз як маротиба камтар- 3 хол.

Холҳоро ҷамъ карда, хулоса бароред!

10-16 хол

Шуморо танбал гуфтан душвор аст. Гоҳ-гоҳ чунин мешавад, ки бо кори хона машғул шудан намехоҳед, вале ин ягон ҷои бадӣ надорад. Дар баъзе ҳолатҳо танбалӣ кардан фоида дорад, зеро ба организми солимтарин ҳам истироҳат лозим аст.

17-23 хол

Баъзан танбалӣ карданатон бо сабаби руҳафтодагиатон аст. Минбаъд бо табъи болидаву нерӯи дучанд аз пайи кор шавед, он гоҳ аз яъсу ноумедӣ осоре намемонад.

24-30 хол

Шумо дар ҳақиқат шахси танбал ҳастед. Фаромӯш насозед, ки аз зери санг об намегузарад ва умре танбалӣ карда, шумо аз неъмату лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёт бенасиб мемонед.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

5 комментарий

Leave a Reply