Туркманистон: Писари президент мехоҳад дубора вакили парлумон шавад

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Дар Туркманистон рӯзи 25 марти соли ҷорӣ интихоботи порлумонӣ барпо мешавад. Расонаҳои он кишвар менависанд, интихобот «тибқи меъёрҳои байналхалқӣ баргузор хоҳад шуд».

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои расонаҳо, 30 номзади интихоботи кунунӣ онҳое ҳастанд, ки дар порлумони феълӣ мандат доранд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳам довталаби курсии вакилӣ аст.

Дар маҷмуъ ба 125 курсии порлумон 284 номзад даъвогар ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир Сардор Бердимуҳаммадови 36-сола вакили амалкунандаи порлумон аст. Вақтҳои охир дар расонаҳои маҳаллӣ ӯро «фарзанди мардум» ном мебаранд ва саҳми ӯро дар рушди кишвар таъкид мекунанд. Дар як соли охир фаъолияти сиёсиву иҷтимоии вай густардатар шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply