• Administrator
  • 16.04.2018
  • 0

Гана: Садамаи нақлиётӣ 18 куштаву 70 захмӣ ба ҷо гузошт

Субҳи якшанбе дар шимоли Гана бар асари бархӯрди автобуси мусофирбар бо ду мошини сабукрав 18 нафар ҳалок ва 70 каси дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора АИ «Синхуа» бо истинод ба намояндаи полиси маҳаллӣ Муҳаммад Танко хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса ҳангоме рух дод, ки ронандаи автобус мехост аз мошинҳо пеш гузарад.

Садамаи нақлиётӣ дар наздикии Тамала, маркази маъмурии Минтақаи шимолии Гана рух додааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.